Саҳифаи аслӣ

Мақолаи баргузида

Ибни Сино

Муҷассамаи Ибни сино дар назди қароргоҳи СММ

Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино ё Ависенна, машҳур ба Абӯалӣ Сино (форсӣ: ابوعلى سينا‎; (16 августи соли 980, деҳаи Афшана наздики Бухоро18 июни соли 1037, Ҳамадон) — яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони замони худ аст. Ҳамчунин ахтаршинос (астроном), кимиёшинос (химик), геолог, мантиқ, палеонтолог, риёзишинос (математик), табииётшинос (физик), шоир, равоншинос (психолог), файласуф, муаллим ва адиби бузурги форсу-тоҷик.

Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои "Ал-Шифо" ва "Қонун" ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда ва дар донишгоҳҳои Аврупо то асри 19 истифода бурда шудаанд.

Абӯалӣ Сино дар рушди илми тибсаҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олими грек Гален, метафизикаи Арасту (Сино яке аз шарҳдиҳандагони асосии Арасту буд), илми пизишкии Форс, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди қадима сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчу падари тибби замонавӣ ва фармакологияи клиникӣ ба ҳисоб меравад.

Вай боз асосгузори мантиқи Синоӣ, мактаби фалсафии Синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин "падари геология" низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозицияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Мақолаи хуб

Абунасри Форобӣ

Тасвири Абунасри Форобӣ дар маркаи Эрон

Абунаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ (форсӣ: ابونصر محمد بن محمد فارابی‎), маъруф ба — Ал-Форобӣ (ар. الفارابي‎, дар шакли лотинишуда — Alpharabius; 870 ё 872, Фороб, Қазоқистони кунунӣ — мобайни 14 декабри 950 и 12 январи 951, Димишқ, Сурияи кунунӣ) — файласуф, риёзидон, мусиқишинос ва донишманди машриқзамин. Яке аз бузургтарин намояндагони фалсафаи шарқи асримиёнагӣ.

Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Тархон ибни Узлағи Форобӣ дар ҳудуди соли 257 ҳиҷрии қамарӣ (870 милодӣ) дар Фороби Хуросон (Қазоқистони кунунӣ) ба дунё омадааст. Дар ҷавонӣ барои таҳсил ба Бағдод рафт ва назди Матто ибни Юнус ба фаро гирифтани мантиқ ва фалсафа пардохт. Сипас ба Ҳаррони Сурия сафар кард ва ба шогирдии Юҳанно ибни Ҳилон даромад. Аз оғози кор, ҳуши саршор ва илмомӯзии вай сабаб шуд, ки ҳамаи мавзӯъҳоеро, ки тадрис мешуд, ба хубӣ фаро бигирад. Ба зудӣ номи ӯ ба унвони файласуф ва донишманд шӯҳрат ёфт. Ва чун ба Бағдод бозгашт, гурӯҳе аз шогирдон гирди ӯ ҷамъ омаданд, ки Яҳё ибни Адий, файласуфи масеҳӣ яке аз онон буд. Дар соли 330 ҳиҷрии қамарӣ (941 милодӣ) ба Димишқ рафт ва ба Сайфуддавлаи Ҳамадонӣ, ҳокими Ҳалаб пайваст ва дар зумраи уламои дарбори ӯ даромад.

Форобӣ аз рӯи маълумоти Ибни Халлиқон дар соли 950 - 951 дар Димишқ дар синни 80-солагӣ  дунёро падруд ва дар қабристони «Бобу-с-сағир» дар даврони салтанати Сайфуддавла бо шукӯҳу қадрдонӣ ба хок супорида шудааст.

Нигораи рӯз

Аз мақолаҳои нав

Оё медонед?

Аз мақолаҳои нави Википедия:

  • 8 сентябр дар маркази шаҳри Душанбе маҷмааи "Истиқлол" кушода шуд. Маҷмааи “Истиқлол” 121 метр баландӣ дорад, ки он рамзӣ аст, яъне қисми поёнии маҷмаа 30 метр — рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.[1]
  • Дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) "Ҳисоботи технология ва инноватсия 2021" аз чоп баромад. Аз ҷиҳати омодагӣ ба рушди технологияҳои пешрафта, Тоҷикистон дар байни Тимори Шарқӣ ва Иттиҳоди Комор ҷойгир аст ва дар байни 158 кишвари дар рейтинги зикршуда ҷои 143-ро ишғол мекунад. Аз кишварҳои ИДМРусия дар ҷойи 27, Беларус дар ҷойи 59, Қазоқистон дар ҷойи 62, Арманистон дар ҷойи 83, Озарбойҷон дар ҷойи 100, Қирғизистон дар ҷойи 115 мебошанд.[2]
  • 14 апрели соли 2021 Муассисаи давлатии телевизиони Тоҷикистон - «ТВ Илм ва табиат» дар ш. Душанбе ба фаъолият оғоз намуд.[3].
  • Тибқи маълумоти соли 2020 вазни қиёсии операторони хусусӣ дар бозори алоқаи ҷумҳурӣ 93,4% -ро ташкил дод. Теъдоди корбарони Интернет аввали соли 2021 беш аз 3,3 млн ва муштариёни мобилӣ беш аз 6 млн нафарро ташкил намуд.[4].

Рӯйдодҳои кунунӣ

Мавзуъоти муҳим
Карли III 10 сентябр расман подшоҳи Бритониё ва сарвари нави давлатҳои Австралия, Канада ва Зеландияи Нав шуд
Маликаи Британияи Кабир Елизаветаи II дар синни 97 аз олам даргузашт
Кушодашавии Маҷмааи «Истиқлол» дар маркази шаҳри Душанбе
Дар Тоҷикистон 16 корхонаи истеҳсоли семент фаъолият мекунанд
Дар гузориши Бонки авруосиёии рушд гуфта мешавад, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон - 878 долларро ташкил додаанд

сентябри соли 2022

  • 11 сентябри соли 2022 Подшоҳи Бритониё Карли III ки рӯзи шанбе, 10 сентябр пас аз даргузашти модараш Елизаветаи II Подшоҳи Британия шуд, рӯзи якшанбе, 11 сентябр расман сарвари нави давлатҳои Австралия, Канада ва Зеландияи Нав шуд.[5]
  • 9 сентябри соли 2022 Маликаи Британияи Кабир Елизаветаи II дар синни 97 аз олам даргузашт. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дар Қасри Букингем хабар доданд. «Малика нисфирӯзии имрӯз дар қалъаи Балморал даргузашт».Малика Елизаветаи II дар маҷмааи ёдгорӣ — калисои падараш шоҳ Георги VI ба хок супурда мешавад. Маҷмаа дар майдони қалъаи Виндзор ҷойгир аст.[6]
  • 8 сентябри соли 2022 дар маркази шаҳри Душанбе Маҷмааи «Истиқлол» кушода шуд. Маҷмааи «Истиқлол» 121 метр баландӣ дорад, ки он рамзӣ аст, яъне қисми поёнии маҷмаа 30 метр — рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри XX ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.[7]
  • 2 сентябри соли 2022 Аз оғози соли 2022 дар минтақаҳои озоди иқтисодии /МОИ/ Тоҷикистон ба маблағи 243 миллион сомонӣ (қариб 24 миллион доллар) маҳсулот истеҳсол шудааст. Дар моҳҳои январ ва июли соли равон аз панҷ Минтақаи озоди иқтисодии кишвар дар ду Минтақаи озоди иқтисодӣ –/МОИ/ «Суғд» ва /МОИ/ «Данғара» маҳсулот истеҳсол гардида, тамоми маблағҳо аз ҳисоби фаъолияти субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва «Данғара» ба даст омадаанд.[8]

августи соли 2022

Эзоҳ

  1. Осорхона, саҳни тамошо ва кинотеатри 5D. Маҷмааи "Истиқлол" чиро дар бар мегирад?(тоҷ.). www.asiaplustj.info/tj/ (10 сентябри 2022). 21 сентябри 2022 санҷида шуд.
  2. Таджикистан оказался в конце рейтинга по готовности к развитию новых технологий /avesta.tj/2021/02/26/
  3. Имрӯз дар Душанбе Шабакаи нави телевизиони Тоҷикистон «Илм ва табиат» ифтитоҳ гардид(тоҷ.). khovar.tj. 14 апрели 2020 санҷида шуд.
  4. Дар Тоҷикистон соли гузашта даромади операторони хусусии алоқа афзоиш ёфт(тоҷ.). khovar.tj. 5 марти 2020 санҷида шуд.
  5. Подшоҳи Британия Карли III расман сарвари давлатҳои Австралия, Канада ва Зеландияи Нав шуд(тоҷ.). www.khovar.tj (11 сентябри 2022). 21 сентябри 2022 санҷида шуд.
  6. Малика Елизаветаи II даргузашт(тоҷ.). www.khovar.tj (9 сентябри 2022). 21 сентябри 2022 санҷида шуд.
  7. Осорхона, саҳни тамошо ва кинотеатри 5D. Маҷмааи "Истиқлол" чиро дар бар мегирад?(тоҷ.). www.asiaplustj.info/tj/ (10 сентябри 2022). 21 сентябри 2022 санҷида шуд.
  8. Дар Тоҷикистон боз як корхонаи истеҳсоли семент ба кор медарояд(тоҷ.). www.khovar.tj (1 сентябри 2022). 21 сентябри 2022 санҷида шуд.
  9. Дар Тоҷикистон боз як корхонаи истеҳсоли семент ба кор медарояд(тоҷ.). www.khovar.tj (29 августи 2022). 21 сентябри 2022 санҷида шуд.
  10. www.asiaplus.tj. Тоҷикистон ягона кишвари пасошӯравӣ миёни камбизоаттаринҳо аз рӯи ҳаҷми ММД ба сари аҳолӣ аст(тоҷ.) (18 августи 2022). 21 сентябри 2022 санҷида шуд.

Забон